НАХУСТИН ТЕХНОЛОГИЯИ НАСЛИ ЧАҲОРУМ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — ҶСП «ТТ мобайл» бори аввал дар Тоҷикистон технологияи насли чаҳорум- LTE (Long Term Evolution)-po намоиш дод. Барои бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Миёна ин рӯйдоди аҷиб аст. Ҳамчун навовари соҳаи интернет ширкати «МЛT» технологияҳои пешрафтаи соҳаи алоқаро ҷорӣ менамояд. Маҳдудияти суръати имконияти шабакаи LTE 10 маротиба аз шабакаи 3G бештар аст. Дар нишасти матбуотие, ки вобаста ба ин рӯйдод баргузор гардид, журналистон дар боби on-line тавонистанд суръат ва сифати видеоалоқаи технологияи LTE-po аз тест гузаронанд. Дар натиҷаи гузаронидани тест технологияи насли чаҳорум — суръати иртиботи додаҳо ба 100 Мбит/с расид. «Ширкати мо рушд меёбад. Чанд сол пеш мо бори аввал дар миёни давлатҳои собиқ шӯравӣ алоқаи 3G-ро намоиш додем. Дар соли 2005 ин вoқea дар Тоҷикистон дигаргунии калон шуд, — мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МЛT» Алексей Семенов.- Имрӯз бошад мо бори аввал дар кишвар технологияи LTE-po аз тест мегузаронем. Мо интернети насли чаҳорумро аз тест гузаронида, ояндаро нишон додем».








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






