НАХУСТНАМОИШИ ФИЛМИ НАВ ДАР «ТОҶИКИСТОН»
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз, 2 феврали соли 2011 дар «Кохи Тоҷикистон» филми таҳия намудаи Муҳаббат Сатторӣ таҳти унвони «Афсонаи хоб», ки ба мавзӯи тарбияи фарзанд ва масъулияти волидайн бахшида шудааст, намоиш дода мешавад. Муҳаббат Сатторӣ дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ҳадафи таҳияи филмро шарҳ дода гуфт, ки сужаи филм чунин аст: Духтарчае то шаб омадани падарашро аз кор интизор мешавад. Рӯзе тағояш ба хонаи онҳо меҳмонӣ меояд ва 50 сомонӣ ба дасташ медиҳаду мегӯяд: бароят ширинӣ ё бозича харида натавонистам. Ин пулро бигир ва худат чизи дилхоҳатро бихар. Духтарча ин пулро дар қабати либосҳои лӯхтакчааш пинҳон карда, бегоҳ вақте падараш аз кор бармегардад, аз вай мепурсад: дадаҷон, як рӯзи кории Шумо чанд пул аст? Падараш мегӯяд: 50 сомонӣ. Духтарча 50 сомонии тағояш додаро ба падараш дода мегӯяд, ки инро гиреду пагоҳ ба кор наравед, мехоҳам як рӯзи кории Шуморо бихарам, то шумо як рӯз ба кор нараведу бо ман бозӣ кунед. Ёдовар мешавем, ки қаблан Муҳаббат Сатторӣ филмҳои «Пайванди шикаста» ва «Падруду пайғом»-ро таҳия намуда ба намоиш гузошта буд. «Афсонаи хоб» филми сеюми ӯ мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






