НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ТАНЗИМ

Февраль 9, 2011 08:39

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамъбастии комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки аъзои комиссияҳои доимӣ, кумитаҳои ҷамъиятии маҳаллаҳо, минтақаҳои истифодаи манзилҳо роҳбарони тўйхона ва тарабхонаҳо, намояндагони масҷидҳои ҷомеъ, раисони Шўрои занони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар фаъолони шаҳр баргузор гардид. Муовини раиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мудири бахш оид ба корҳои дин Мўъминҷон Орифов оид ба фаъолияти комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳр дар соли 2011  сухан гуфт. Мавсуф зикр кард, ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳр давоми соли гузашта 2100 тўйи арўсию домодӣ ва 1146 хатнасур гузаронида шуд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки хароҷоти тўйҳои арўсию домодӣ ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ ва хатнасур 141 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра аъзои комиссияи доимӣ 130 рейди навбатӣ ва 63 рейди ғайринавбатӣ гузаронида, 6 қонунвайронкунӣ нисбат ба риоя нагардидани талаботи моддаҳои 10, 13 ва 14 — уми Қонун ба мушоҳида расид ва аз тарафи комиссияи доимӣ ва мақомоти андози шаҳр пеши роҳи чандин амалиёт гирифта шуд. 33 гурўҳи ҳофизон аз сабаби надоштани шаҳодатнома ва патенти соҳибкорӣ ба маблағи 15 627 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Февраль 9, 2011 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад