НИҲОЛҲОИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Кӯлоб, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар боғи фарҳангу истироҳатии шаҳри Кӯлоб нахустин ярмарка- фурӯши ниҳол дар соли 2011 – ум баргузор гардид, ки дар он ниҳолпарварони ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, беш аз 100 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва тухмии гулу буттаҳоро ба фурӯш бароварданд. Чун дар ярмаркаҳои қаблӣ шаҳрвандон бештар ба ниҳолҳои мевадиҳанда таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аслан ниҳолҳои дар ноҳияҳои кӯҳистони минтақа парвариш гардидаро хариданд. Бояд гуфт, ки баргузории чунин ярмаркаҳо дар табодули таҷрибаи байни кишоварзон нақши муносиб дорад, зеро дар фурӯшгоҳи хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара ниҳолҳое пешкаш гардиданд, ки аз кишвари Ҳиндустон оварда шуда, бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши онҳо шурӯъ намудаанд. Дар ярмаркаи фурӯши ниҳол дар баробари пешниҳоди навъҳои гуногуни ниҳолҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии навтаъсиси муҳофизати растаниҳо ва химикикунонии кишоварзии вилояти Хатлон ба боғдорон теъдоди зиёди дастурҳои методӣ оид ба истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо ва намунаи дорувориҳо низ пешниҳод гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






