НОЗИЯ БО «ЧАМАНОРО» БА ҲИНД МЕРАВАНД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 1 то 15 феврали соли равон дар шаҳри Фаридободи Ҷумҳурии Ҳиндустон Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумии Сураҷкунд (Surajkund Crafts Mela) баргузор мегардад. Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Сураҷкунд (Surajkund Crafts Mela) ин олитарин падидаи фарҳангии анъанавии ҳарсола мебошад, ки анъана ва фарҳанги мардуми Ҳинд ва дигар мамолики ширкаткунандаро таҷассум менамояд. Мавриди зикр аст, ки соли гузашта ҳунарнамоии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат сазовори баҳои баланд гардида буд. Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ имсол дар қатори ҳунармандони беш аз 20 давлати дунё гурӯҳи ҳунарпешагони ансабли рақсии «Чаманоро», ҳунармандони ансамбли созию овозии «Садои Суғд»-и Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ва овозхони шинохта Нозияи Кароматулло дар ин фестивали байналмиллалӣ иштирок менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






