«ОҚИЛАИ ҲИКМАТ» -ОЗМУНИ ХУДШИНОСӢ

Февраль 11, 2011 11:46

   Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон озмун-викторинаи «Оқилаи ҳикмат» миёни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор мегардад.  Мавриди зикр аст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2012», қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар шаҳри Душанбе» ва тарбияи самарабахши ҷавондухтарон дар рӯҳияи худшиносиву илмандӯзӣ озмун-викторинаи «Оқилаи ҳикмат»-ро миёни донишҷӯдухтарон таъсис додааст.     Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.

Февраль 11, 2011 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад