ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАШВИШИ ҶАҲОНӢ ХОҲАД ШУД

Февраль 21, 2011 09:23

  Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар асоси таҳлили мутахассисон муайян шудааст, ки масоҳати захираи пиряхҳои Тоҷикистон  дар зарфи 60 – 61 соли охир 30 фоиз кам шудааст.    Дар натиҷаи мушоҳидаи олимон  тайи 10 соли охир бо сабаби гармшавии ҳаво обшавии яхҳо зиёд гардида, захираи яхҳои ҷумҳурӣ башиддат кам шуда, дар назди пряхҳо пайдо шудани кӯлҳои нав мушоҳида мегардад, ки онҳо хатари кандашавӣ доранд.    Дар асоси пешгӯиҳои илмї,  дар муддати 30 соли оянда дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво зиёд  шудани сатҳи оби кӯлу дарёҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст. Баъди гузаштани ин давра  камшавии оби ошомиданӣ дар кӯлу дарёҳо пешбинӣ мешавад, ки барои минтақа ва ҷаҳон ташвишҳои нави нарасидани оби ошомиданиро ба миён меорад.             Калонтарин кӯли минтақа, ки дар баландии 3265 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир  аст, кӯли Сарез дар Тоҷикистон мебошад, ки 25 млн. нафар аҳолиро бо оби ошомидании тозатарини экологї дар олам таъмин карда метавонад.  

Февраль 21, 2011 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад