ОБОДОНИИ МУҶАССАМАҲО, ЁДГОРИҲО ВА ОРОМГОҲҲО ДАР СУҒД

Февраль 17, 2011 11:59

   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба муносибати 18 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободонии ёдгориҳо ва муҷассамаҳои ба хотири шаҳидон гузошташуда, оромгоҳҳои сарбозон ва афсарони фавтида, дастгирии моддию маънавии иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони байналмилал, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбир андешида, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ташкил менамоянд.    Бо назардошти он ки санаи 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, чун рукни муҳими давлати тоҷикон барои ҳифзи сулҳу субот дар кишвар, Истиқлолият ва якпорчагии давлат саҳм гузоштааст, қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз 14 феврали соли 2011 «Дар бораи таҷлили 18 — солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.    Тибқи он ин сана дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил мегардад. Раёсати тандурустӣ, Сарраёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят якҷоя бо Шӯрои собиқадорони комиссариати ҳарбии вилоят барои расонидани хизмати кафолатноки тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рӯзи ҷашн дар Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ” баргузории барномаи консертӣ бо иштироки устодони санъат дар назар аст.

Февраль 17, 2011 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад