ОМОДАГӢ БА САНАҲОИ ПУРШАРАФ

Февраль 7, 2011 14:02

Турсунзода, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баҳри бо дастовези арзанда истиқбол гирифтани ҷашнҳои мубораки 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100 солагии зодрӯзи шоири машҳур устод Мирзо Турсунзода сохтмон ва ба  истифодадиҳии  46 иншооти ҷашниро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, сохтмони 4 мактаби замонавӣ, бинои осорхонаи марказӣ, маркази ташхисию тиббӣ бо 5 бунгоҳи тиббию саломатӣ, терминали замонавии мусофирбар ва 12 бинои замонавии хизматрасонии маишӣ дар маркази шаҳр аз ин ҳисобанд. Ҳамчунин дар  ноҳия тибқи нақша нерӯгоҳи хурди барқи обии «Ширкент-3» бо иқтидори 576 киловат/соат, ду бинои марказии фарҳангӣ дар маҳалҳо, ду иншооти обтаъминкунӣ дар деҳот, ҳамчунин 18 нуқтаи хизматрасонӣ ва савдо сохта мешаванд.

Февраль 7, 2011 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад