ПАРДОХТИ ҚАРЗҲОИ ИП СКИ
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мирганд Шабозов аз Абудабӣ баргашт. Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар радифи 42 кишвари олами ислом дар иҷлосияи 13-уми Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ /СКИ/ ширкат варзид. Дар иҷлосия дар радифи баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СКИ, инчунин, масъалаҳои молия ва иқтисод низ баррасӣ гардид. Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки то семоҳаи аввали соли равон тамоми қарзҳо ва аъзоҳаққии соли 2011 -ро супорад. Мавриди зикр аст, ки Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои СКИ бо 42 кишвари узв яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҷамъомади парлумонии ҷаҳон ба шумор меравад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






