ПАРВАНДА БАРОИ ФИРЕБГАРӢ
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус Ҳусейн Ятимовро дастгир намуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, номбурда корманди Корхонаи фаръии хоҷагию манзилии КВД «Тоҷикнефтугаз ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ мебошад. Ӯ аз ваколатҳои мансабиаш истифода намуда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Оқила Абдуллоева даромада, бар ивази 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 4200 доллари ИМА гирифта барои эҳтиёҷи худ сарф намудаст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






