ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР САРҲАД
Шӯрообод, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Шӯрообод бо мақсади ҳимояи хати сарҳади давлатӣ, пешгирии убури ғайриқонунии сарҳад аз тарафи гурўҳҳои ҷиноятпеша сарҳадчиёни қисми низомии 2931-и Сарраёсати қисми низомии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба анҷом мерасонанд, гуфт раиси ноҳия Амирхон Икромов ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Ба ақидаи мавсуф дар ин давра ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷустуҷўӣ аз тарафи сарбозону афсарони қисми низомии мазкур дар минтақаи марзи давлатӣ аз сарҳадшиканон чор адад яроқи оташфишони тамғаи номаълум ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира ва безарар гардонида шуда, аз ҷои ҳодиса 10 кг героин, 50 кг бангдона ва 196,6 кг маводи сабзи бўи махсус дошта мусодира гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






