РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ ҲАЗОРСОЛА
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба гуфти академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон М.Абдусамадов, айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 743 ҳазор гектар замини обёришаванда мавҷуд аст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола тибқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар ҶТ бояд 836,4 ҳазор гектар заминҳои нав азхуд шаванд. Дар назар аст, ки аз заминҳои азхудшаванда 385 ҳазор га ба вилояти Хатлон, 334 ҳазор га ба вилояти Суғд, 111 ҳазор ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 6,4 ҳазор гектар ба ВМКБ рост меоянд. Ҳангоми амалӣ шудани ин ҳадафҳо майдони умумии фонди мелиоративии заминҳои ҷумҳурӣ ба 1 млн. 580 ҳазор гектар мерасад, ки мақсад аз он таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатї дар кишвар мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






