РУШДИ ҶАНГАЛПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 8, 2011 14:12

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  рушди соҳаи ҷангал ва ҳудудҳои махсусмуҳофизатшаванда  як қатор барномаҳои соҳавӣ қабул гардид,ки баҳри иҷрои онҳо ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар нишебиҳои шафати шоҳроҳи Душанбе –Ваҳдат дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 8239 бех, дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат 6417 бех ва дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 13 783 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуд, ки дар маҷмўъ 79 гектарро ташкил медиҳад,-гуфт зимни сӯҳбат  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Талбак Салимов.  Дар майдони 2237 гектар корҳои бунёди ҷангалҳои нав ва барқароркунии ҷангалҳои мавҷуда гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ўм 747 гектар зиёд мебошад. Аз ин миқдор 645 гектар пистазор, 292 гектар чормағззор, 99,4 гектар хучзор, 174 гектар ангатзор, 323 гектар бодомзор, 316 гектар ҷангалзори омехта ва 115 гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд намуда, баҳри беҳдошти чарогоҳҳо дар майдони 274 гектар тухмии саксаул кишт карданд. Дар хотимаи сӯҳбат Т.Салимов қайд намуд, ки талаботи сол аз сол афзудаистодаи хоҷагиҳои ҷангал ва дигар ташкилоту корхонаҳоро ба ҳисоб гирифта, баҳори соли  2011 дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал ба миқдори 9,8 тонна тухмиҳои дарахтони гуногун дар майдони 33,6 га  кишт   шуда, 431,3 ҳазор бех қаламчаҳо ва кўчати 35 намуди  дарахтон парвариш ёфта истодааст. Ҳоло дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал 4112 ҳазор бех ниҳоли 35 намуди дарахту буттаҳо парвариш шуда истодааст, ки аз ин 1389 ҳазор бехаш барои фурўш ва шинонидан тайёр мебошад.

Февраль 8, 2011 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад