РУШДИ АСАЛПАРВАРӢ ДАР МАНОТИҚИ КӮҲИСТОН

Февраль 7, 2011 12:19

Хоруғ, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста дар талоши он аст, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат чорводорӣ, замбӯри асалпарварӣ ва дигар шуғлҳои ба шароити маҳал мувофиқро рушд диҳад. Ин аст, ки дар ноҳияҳои кӯҳистон солҳои охир парвариши замбӯри асал хеле зиёд шудааст. Соли 12 – ум   аст, ки  сокини  ноҳияи  Шуғнон Сулаймоншоҳ Назиров  машғули  асалпарварист.  Дар  ибтидо ӯ  ду оила  замбӯри  асал  дошт,  ҳоло  бошад теъдоди  он  ба  70 оила   расидааст. Сулаймоншоҳ  замбӯри  асалро  асосан  дар   мавзеъҳои  кӯҳии  Веру Ванқалъаи  ноҳияи  Шуғнон   парвариш менамояд, зеро  иқлими мувофиқу гулҳои  гуногуни  кӯҳӣ  доранд. Шароити хуби ин мавзеъ   имконият  медиҳад, ки Сулаймоншоҳ  дар як сол  беш  аз 700  кг  асали  хуштаъми тоза  гирад.  Соли  ҷорӣ   ин асалпарвари номӣ   750  кг асал ҷамъоварӣ намуд.

Февраль 7, 2011 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад