РУШДИ СОҲАИ ОБУҲАВОСАНҶӢ

Февраль 11, 2011 17:03

   Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист асосан ба таъмини иҷрои сиёсати пешгирифтаи давлат дар самти пешбурди сиёсати экологӣ нигаронида шуда, дар ин давра корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд, зикр намуд дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” раиси Кумита Талбак Салимов.    Барои рушди соҳаи ҳавосанҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи соҳавӣ қабул гардид.  Дар доираи Барномаи давлатии «Барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2016» 7 адад стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва 11 дидбонгоҳи обченкунӣ барқарор гардид. Илова бар ин, аз ҳисоби кўмакҳои техникии башардӯстона 13 стансия ва дидбонгоҳи обченкунии ВМКБ барқарор гардид.    Дар соли 2011-ум ба нақша гирифта шудааст, ки 28 дастгоҳ ва 20 нуқтаи мушакпаронӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода -5 адад, Ҳисор – 5, Ҷалолиддини Румӣ- 2, Бохтар -2, Ёвон -2, Данғара -4 адад насб гардад.

Февраль 11, 2011 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад