САФАРБАРНАМОИИ 5 ҲАЗОР ДОНИШҶӮ БА ИДИ НАВРӮЗ

Февраль 8, 2011 16:07

 Душанбе, 8  феврал. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин). — Баҳри мутантан   таҷлил намудани   иди Наврӯзи имсола, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, дар ҳама  гӯшаву канори ҷумҳурӣ    омодагиҳо    идома доранд.  Аз ҷумла, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  барои боз ҳам   шукӯҳманд  гузаронидани  ҷашни  Наврӯзи  Аҷам донишҷӯёну устодон тайёрии хуб мебинанд.  Имрӯз  ба ин муносибат дар шаҳраки  донишҷӯён ҷамъомад доир гардид, ки  дар он кулли  донишҷӯён иштирок намуданд.   Дар ҷамъомад   роҳбарони ДМТ  зикр намуданд, ки барои  иштирок дар ҷашни Наврӯзи имсола зиёда аз 5 ҳазор донишҷӯ сафарбар   шудаанд, ки аз ин   2700 нафарашон аз Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон  мебошанд.    Ҳамчунин зикр шуд, ки   донишҷӯён ҷиҳати таҳияи барномаҳои наврӯзӣ  дар ду баст ширкат менамоянд.             Шурӯъ аз 10- уми феврал як қисми донишҷӯён дар  варзишгоҳи марказӣ  ва қисмати дигар дар Наврӯзгоҳ  (собиқ  Ипподром)  ба тамрин оғоз менамоянд. 

Февраль 8, 2011 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд