САФАРИ КОРИИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА СУҒД

Февраль 16, 2011 14:23

   Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба вилояти Суғд ташриф оварда ҳамроҳ бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои танзиму васлкунӣ дар зеристгоҳи барқии Суғд — 500, ки дар ноҳияи Ғончӣ воқеъ аст, ошно гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд.    Оқил Оқиловро дар ин сафари корӣ як қатор вазирону роҳбарони ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили вазири мелиоратсия ва захираҳои об Р.Бобокалонов, вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва дигарон ҳамроҳӣ менамоянд. Зимни мулоқот бо барқчиён Сарвазири мамлакат перомуни муҳим будани фаъолияти ин зеристгоҳ дар ин айём дар самти таъмини аҳолии шимоли кишвар ва ҳам пойгоҳҳои обкашӣ дар омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ дастуру супоришоти мушаххас дод.   Сипас, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҳамроҳии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Мастчоҳ раҳсипор гардида, дар ин ҷо пиромуни фаъолияти зеристгоҳи 220 киловолта ҳарф зада, бобати фаъолияти мунтазами он бо масъулин сӯҳбат доир намуд.   Ҳамчунин, гурӯҳи кории Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар пойгоҳи обкашии «Дилварзин-1» ошно гашта, ҷиҳати саривақт омода намудани ин иншоот ва шароити иҷтимоии кормандон ба раиси ноҳияи Мастчоҳ Абдукарим Ҳикматов супориш дод.      Дар назар аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони фабрикаи ресандагии «Олим — текстайлз» шинос шаванд. Ин иншооти ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи «Гулистон» — и ноҳияи Мастчоҳ бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат бунёд шуда истодааст.   Ёдовар мешавем, ки дар коргоҳи мазкур таҷҳизоти истеҳсолии пешқадамтарини олмонӣ, ки ба ширкати машҳури «Текстима» — и Ҷумҳурии Федеративии Олмон тааллуқ доранд, насб гардида, ҳамзамон барои шинонидани онҳо ва бозомӯзии кадрҳои маҳаллӣ мутахассисони ин давлат даъват шудаанд.    Маблағ барои таҷҳизот, воридот, насб ва омӯзиш, ки аз ҷониби бонки Авруосиё ба таври қарз пешниҳод гардидааст, 22 миллиону 570 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни ин корҳо мутахассисони варзида аз Аморати Муттаҳидаи Араб ҷалб шудаанд. Дар мавриди ба фаъолият шурӯъ кардан коргоҳ метавонад 450 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.

Февраль 16, 2011 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад