СЕМИНАРҲОЕ, КИ ТАРТИБИ АНДОЗБАНДИРО МЕОМӮЗАНД

Февраль 7, 2011 14:48

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Бо назардошти дастуру супоришҳои Сарвари давлат  тақвият бахшидан ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиву тавзеҳотӣ бо андозсупорандагон дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи семинар-машваратҳо идома доранд.  Дар семинаре, ки имрӯз дар Кумита дар мавзӯи «Вазъият ва мушкилиҳои соҳаи андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи тартиби такмилшуда гузаронида шуд, тибқи рӯзномаи мувофиқашуда дар он дар баробари кормандони Кумитаи андоз андозсупорандагон низ бевосита иштирок ва суханронӣ намуданд.       Дар ин машварат  зиёда аз 300 нафар роҳбарон, сармуҳосибон ва дигар шахсони масъули субъектҳои соҳибкорӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе  иштирок намуда, оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андозҳои ғайримустақим, тартиби соддакардашудаи андозбандӣ ва моҳияти тағйироту иловаҳои нави Кодекси андоз андешаҳои худро иброз  намуданд.               Мавриди зикр аст, ки гузаронидани чунин семинар-машваратҳо бо иштироки андозсупорандагон ва мутахассисони соҳа барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва ҳуқуқии андозсупорандагон мусоидат намуда, баҳри сари вақту дуруст ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо заминаи воқеӣ мегузорад. Баргузории семинар-машваратҳо дар тамоми минтақаҳои  ҷумҳурӣ ба назар гирифта шудааст.

Февраль 7, 2011 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад