СЕМИНАРИ БОЗОМӮЗӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). –Имрӯз дар Муассисаи «Курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ семинари якҳафтаина бо иштироки кормандони муассисаҳои тандурустии ташхисии ҶТ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки кормандони ин муассисаҳо ба беморон, ашхоси бепарастор, пирони барҷомонда, тифлакони маъюб ва дигар қишри осебпазири ҷомеа хизмат мерасонанд ва месазад бо суханони хубу муомилаи нек мададгори онҳо бошанд. Дар ифтитоҳи ин семинар муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Темур Табаров ва дигар нафарони масъул пешниҳоди худро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ин муассисаҳо иброз намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






