ШАҲРДОРӢ ЭҲТИЁҶИ НАМОЗГУЗОРОНРО ҚОНЕЪ МЕГАРДОНАД
Душанбе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанда қонеъ гардонидани эҳтиёҷи намозгузорон ва воқеияти зарурат ба сохтмони масҷидҳои иловагӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 14 феврал дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки бо иштироки фаъолони пойтахт дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид, баррасӣ шуд. Раиси шаҳр роҷеъ ба назорати аз рӯи таъинот истифодашавии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод. Дар робита Раиси шаҳр сохторҳои марбутаи пойтахтро вазифадор намуд, ки дар мӯҳлати 1 моҳ масъаларо амиқ омӯхта, таҳлил намуда, хулосаи асоснокро бобати тасмимгирии минбаъда ба унвони шаҳрдорӣ пешниҳод созанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






