ШИКАСТАНИ БАНКОМАТ ДАР ҚУРҒОНТЕППА
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Чанде қабл зимни адои хизмат ду нафар кормандони бахши кофтукови ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар боғи фарҳангию-мадании шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми пешгирӣ намудани ҳодисаи дуздӣ аз банкомати маблағгузаронӣ аз тарафи 4 нафар шахси номаълум латукӯб шуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин шахсон ба таври зўрӣ шаҳодатномаи хизматии як нафари онҳоро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Пас аз гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Илдар Рафиқов, Темур Абдуллоев, Руслан Раҳимов ва Аскар Эшмирзоев дастгир шуданд. Номбурдагон дар назди даромадгоҳи боғи фарҳангию-мадании шаҳри Қурғонтеппа банкомати маблағгузарониро, ки ба соҳибкор Ҷамшед Назриев, истиқоматкунандаи кӯчаи Кайҳоннавардон, хонаи 82, ҳуҷраи 85 тааллуқ дошт, шикаста корношоям карда аз дохилаш 95 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари умумӣ 9095 сомониро ташкил медиҳад. Оид ба қазияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






