ШУМОРАИ НАҶОТДИҲАНДАГОН МЕАФЗОЯД?
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба иттилои сардори Раёсат оид ба наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)- и ҶТ Олег Пилкевич, Агентии наҷотдиҳии ҳукумати Шветсия наҷотдиҳандагони (КҲФ ва МГ) – и Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо маблағи 400 ҳазор евро бо таҷҳизоти навтарини техникӣ таъмин менамояд. Ба гуфти Олег Пилкевич, таҷҳизоти наҷотдиҳии ба Тоҷикистон овардашуда аз асбобу анҷоми гидравликӣ, пневматикӣ ва оптикӣ иборат буда, дар корхонаҳои Нидерландия аз ҷониби мутахассисони он сохта шудаанд. Ин таҷҳизот дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии зарардидагони зери харобиҳои офати табии монда мавриди истифода қарор мегиранд. Айни ҳол аз рӯи воҳиди корӣ дар КҲФ ва МГ 150 нафар мутахассисони корозмуда дар шароити мураккаби табиии ҶТ фаъолият доранд, ки ин хеле кам мебошад. Дар сурати беҳ шудани шароити молиявии наҷотдиҳандагон шумораи мутахассисон низ чанд маротиба зиёд хоҳад шуд, — иброз дошт О. Пинкевич.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






