СОХТОРҲОИ ПОЙТАХТ СОҲИБИ СОМОНАИ ИНТЕРНЕТӢ МЕГАРДАНД
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Дар асоси қарори ба тасвибрасонидаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев то 31 марти соли равон роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар шабакаи интернетӣ сомонаи расмии худро таъсис диҳанд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, қарори мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сатҳи пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, бархурдор намудани сокинони пойтахт бо маълумоту иттилоот оид ба амалигардонии барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, чорабиниҳои оммавию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, назарсанҷии афкори омма ва пешниҳоди хизматҳои давлатӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси истифодаи фаъоли технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ қабул гаштааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






