СОЗМОНҲОИ ҶАҲОНӢ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ДЕҲОТ

Февраль 10, 2011 14:51

   Хоруғ, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).– Дар шаҳри Хоруғ намоиши маҳсулоти соҳибкорони деҳаҳои навоҳии Рӯшон ва Шуғнон баргузор гардид, ки сарпарасти он Бунёди Оғохон мебошад.  Тавре Гулноз Ҷумъаева сармутасаддии рушди иқтисоди деҳот тавассути барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон иттилоъ дод, соли 2010 дар деҳот 22 барнома барои ҷалб намудани соҳибкорони нав амалӣ гардонида шуд. Ба гуфти Гулноз Ҷумъаева ин барномаҳо асосан барои анҷом додани корҳои ҷӯроббофӣ, тоқидӯзӣ, хушк кардани туту дар қуттиҳои махсус ҷой додани он, асалпарварӣ, коркарди меваю сабзавот нигаронида шуда буданд. Ба хотири амалӣ гардидани ҳар як барнома аз тарафи Бунёди Оғохон на кам аз 3000 доллар маблағ ҷудо мешавад. Ҳамин тавр, дар намоиш кулли маҳсулоти соҳибкорон ба фурӯш рафт.    Ба маҳсулоти соҳибкорон асосан хориҷиён таваҷҷўҳи хосса доранд. Онҳо тоқию ҷўробҳоро асосан чун тўҳфа барои пайвандонашон мехаранд. Имрўз дар 22 барнома беш аз 500 нафар занони деҳот фаро гирифта шудаанд. Мақсад аз амалӣ гардонидани ин барномаҳо пайдо намудани соҳибкорони нав аст.    Гулноз Ҷумъаева дар мавриди нақшаҳои оянда гуфт, ки имсол миқдори чунин барномаҳо 2-3 баробар афзуда, теъдоди соҳибкорони деҳот низ зиёд мешавад. 

Февраль 10, 2011 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад