СУҒД ДУБОРА ФУРӮЗОН ШУД

Февраль 14, 2011 15:27

   Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Санаҳои 10 ва 11 — уми феврали соли равон бо сабаби офати табиӣ- вазидани шамоли сахт дар баъзе нуқтаҳои хати интиқоли барқи Ҷануб — Шимоли мамлакат садама рух дод ва боиси ҷорӣ намудани маҳдудияти нерӯи барқ гардид.   Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шоми 11 феврали соли равон раиси вилоят Коҳир Расулзода ба хотири шинос шудан бо рафти корҳои бартарафкунии оқибати офати табиӣ ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин таъмин намудани мардуми вилоят бо нерӯи барқ ба маҳалли офати табиӣ — ноҳияи Ғончӣ ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои танзиму васлкунии нерўи барқ дар зеристгоҳи барқии Суғд — 500 шинос гардид.  Дар натиҷаи канда шудани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат системаи танзими барқии зеристгоҳ аз фаъолият бозмонда буд. Бо супориши раиси вилоят гурўҳи фаврии корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи барқи вилоят таъсис дода шуда, ин гурўҳ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ аз имконияту захираҳо самаранок истифода намуда, хатҳои интиқоли нерўи барқро барқарор ва фаъолияти маназзами системаи ягонаи танзими барқи вилятро дар зеристгоҳи Суғд — 500 таъмин намуданд.   Мавриди ёдоварист, ки Тоҷикистон дар мавриди захираҳои тавлиди нерўи барқ дар Осиёи марказӣ ҷои аввалин ва дар ҷаҳон мақоми 8 — умро ишғол менамояд, ки иқтидори истеҳсоли 528 млрд. кВ/соат нерўи барқ дар як солро дорост.  Аминем, ки Тоҷикистони мо ояндаи наздик ба ҳадафи олии худ — истиқлолияти энергетикӣ муваффақ мешавад.

Февраль 14, 2011 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад