ТӮҲФАҲОИ ҶАШНӢ
Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 100-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузург устод Мирзо Турсунзода аллакай як силсила китобҳои гуногун ба табъ расиданд ва қисми дигар омодаи нашранд. Аз ҷумла, китобҳои «Қаҳрамони халқ ва ифтихори миллат», «Турсунзода дар мактаб»-и Султонмуроди Одина, «Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод»-и Ҷамолиддин Саидзода, «Солҳое, ки ман ҷавон будам»-и Файзалӣ Шукур, «Фарзанди қарни ХХ»-и Равшани Ҳамроҳ ва Иброҳими Наққош дастраси хонандагон гардиданд. Тибқи нақшаи нашриёти «Адиб» мунтахаби ашъори Мирзо Турсунзода бо номи «Сурудам ҳофизи рози дили ман» бо теъдоди зиёд нашр мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






