ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи нафт ва газ» 28 феврал дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, баррасӣ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аъзои Шӯро, ҳамчунин, Созишнома оид ба интиқоли байнисарҳадии шахсон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо дар доираи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказиро муҳокима намуданд. Зимни тавзеҳи масъалаҳо раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Маҳмадалӣ Ватанов зикр карданд, ки ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳои мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон қабули қонунҳои сатҳи байналмилалӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






