ТАҶДИДИ ХАТҲОИ ИНТИҚОЛИ НЕРӮИ БАРҚ

Февраль 11, 2011 16:39

  Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он масоили бунёд ва таҷдиди хатҳои маҳаллии интиқоли нерӯи барқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Таъкид гардид, ки сохтмон, таҷдид ва азнавсозии хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ яке аз омилҳои асосии раҳоӣ аз бунбасти энергетикӣ маҳсуб гардида, дар давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон бо бунёди хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ва тармиму таҷдиди хатҳои мавҷуда вазъи таъминоти нерӯи барқ сифатан беҳтар гардидааст.   Оқил Оқилов ба роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ва дигар шахсони масъули соҳа дастур дод, ки барои татбиқи лоиҳаҳои ба нақша гирифташудаи сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ тадбирҳои бетаъхир андешида ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва дарёфти дигар манбаъҳои маблағгузории лоиҳаҳои мазкур ҳамкориро бо бонкҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Февраль 11, 2011 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад