ТАҶЛИЛИ 70 – СОЛАГИИ ҶӮРАБЕК НАБИЕВ
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд 70-солагии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев таҷлил карда мешавад. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсус имзо кард. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади тарғибу ташвиқи санъати классикии тоҷик, дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас, бо назардошти нақш ва мавқеи дар рушди санъати тоҷик доштаи ҳунарманди маъруф роҳандозӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, раёсати фарҳанги вилоят якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба нақш ва мақоми Ҷӯрабек Набиев дар рушди санъати овозхонӣ силсилаи чорабиниҳоро доир менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






