ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИСА ДАР ХУҶАНД

Февраль 5, 2011 11:04

   Душанбе,  5 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 86-солагии таъсисёбии милисаи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии ҳайати шахсии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.    Раиси  шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов зимни суханронии худ корнамоиҳои қаҳрамононаи аввалин милисаҳои тоҷикро дар мубориза баҳри барқароркунии Ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон ва шуҷоати наслҳои минбаъдаро дар пойдории сохти конститутсионии Тоҷикистони ҷавони соҳибихтиёр таъкид дошт. Ӯ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳайати шахсии шӯъбаи корҳои дохилӣ, кулли кормандони сохторҳои он ва собиқадорони милисаро бо 86-умин солгарди милисаи тоҷик муборакбод  гуфта, ба кормандони беҳтарин Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид.    Аз номи роҳбарияти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамкасбони худро муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят, подполковники милиса Ҳотамҷон Дадобоев табрик намуд. Ба муносибати иди касбӣ ба кормандони соҳа тӯҳфаҳои хотиравӣ ва рутбаҳои навбатӣ  супорида шуд. Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз маркази матбуоти раиси шахри Хучанд иттилоъ доданд.

Февраль 5, 2011 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад