ТАЛАБИ 5000 ДОЛЛАР БАРОИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ МАНЗИЛ

Февраль 17, 2011 15:34

   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).-Кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсиониро ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурзўр менамоянд.     Тавре аз Агентии мазкур ба мухбири АМИТ “Ховар” хабар доданд, ошкорнамоии ҷинояти содирнамудаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Носири Хусрав Нозим Абдураҳимов бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 3300 сомонӣ аз фаъолияти хуби кормандони ин раёсат дарак медиҳад. Номбурда ин миқдор маблағро аз шахсони масъули ширкати тиҷоратии «Тиллои Қубодиён», ки ба беморхонаи марказии ноҳия 15 адад кати бистарӣ бо лавозимоти рахти хоб ба маблағи 6750 сомонӣ ворид намуда буданд, ҳамчун “ҳаққи хизмат” бо миёнаравии сармуҳосиби ҳамин беморхона Ҳаким Абиров талаб кардааст. Бо андешидани чораҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони раёсати дар вилояти Хатлон будаи Агентӣ Ҳаким Абиров бевосита баъди гирифтани 3300 сомонӣ дастгир гардид. Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки Ҳ. Абиров дар асоси супориши сардухтур Нозим Абдураҳимов бе донистани ҳолати кор ин амали номатлубро иҷро намудааст. Ҳамин тариқ, аз тарафи Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба Н. Абдураҳимов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қ. 2 оғоз гардида, баъди тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба мақомоти судӣ ирсол карда шуд.   Мудири коргузории раёсати адлияи вилояти Хатлон Фирӯза Авғонова дар якҷоягӣ бо нотариуси давлатии идораи нотариалии ноҳияи Қумсангир Абдусамадбек Ҷӯрабеков барои ба номи шаҳрванд “Р” ба расмият даровардани манзили истиқоматии дар шаҳри Қурғонтеппа буда аз ў 5000 доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намудаанд. Бо андешидани чораҳои оҷилӣ баъди гирифтани маблағи 5000 доллар Ф. Авғонова ва А.Ҷӯрабеков дастгир шуданд. Барои ин кирдори номатлуб нисбат ба Авғонова бо моддаи 247 қ. 4 ва нисбат ба А.Ҷӯрабеков бо моддаи 319 қ. 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.  

Февраль 17, 2011 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад