ТАЪЛИМГОҲИ МАХСУСИ ДЗЮДО ДАР РӮДАКӢ

Февраль 9, 2011 14:43

Шаҳраки Сомониён, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ баҳри рушди соҳаи варзиш тадбирҳои мушаххас меандешанд. Бо назардошти дастовардҳои   варзишгарони ноҳия дар риштаи дзюдо ва бо мақсади равнақу ривоҷи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон дар  ноҳияи Рӯдакӣ таълимгоҳи махсуси кӯдакону наврасон оид ба дзюдо таъсис дода шуд. Ҳамчунин дар деҳоти ноҳия клубҳои варзишии «Ориён» ва «Шараф» фаъолият менамоянд,ки зиёда аз 1500 нафар наврасону ҷавононро ба варзиш фаро гирифтаанд.     Ёдовар шудан ба маврид аст, ки варзишгарон дар давоми соли 2010 дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ соҳиби 6 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 7 медали тилло, 16 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба  соли гузашта 8 медал зиёд аст.

Февраль 9, 2011 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад