ТАЪЛИМГОҲИ ЗАМОНАВӢ ДАР БОХТАР
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). – Дар ноҳияи Бохтар корҳои бунёдкорӣ дар иншооти ҷашние, ки ба шарафи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, вусъати тоза мегиранд. Бунёди литсей – интернати президентӣ аз ҷумлаи ин иншоот аст. Майдони литсей – интернат 8 гектарро ташкил медиҳад. Дар назди бинои таълимгоҳ ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои бозии футболу воллейбол, толори варзишӣ барои бозиҳои тенниси рӯи миз ва шоҳмот сохта шудаанд. Дар бинои таълимгоҳ, ҳамчунин, хобгоҳи замонавӣ барои устодон ва хонандагон бунёд гардидааст. Дар литсей – интернат дар як вақт 1400 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Барои онҳо синфхонаҳои компютерӣ ва синфхонаҳои бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонидашуда сохта мешаванд. Барои бунёди ин таълимгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст. То ин муддат ба маблағи 28 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Бояд гуфт, ки ин таълимгоҳи замонавӣ дар арафаи таҷлили 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






