ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ ДАР КИШВАР

Февраль 17, 2011 16:46

     Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – «Ташкил ва пешбурди мониторинги экологӣ ҳамчун базаи асосии таъмини иттилооти кишвар аҳамияти муҳим дорад», гуфт зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов.     Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон қабул гардид. Зикр шуд, ки зарурати таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи ин қонун ба парлумони мамлакат таъмини талаботи давлат, ҳукумат ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилооти мукаммал ва эътимоднок доир ба вазъи муҳити зисту тағйирёбии он, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои табиӣ ва таъсири антропогенӣ мебошад.    Мавриди зикр аст, ки мониторинги экологӣ ҳангоми таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини амнияти экологии иттилооти кишвар яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ ба шумор меравад. 

Февраль 17, 2011 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад