ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-КОРИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ВОЛИДАЙН
Хоруғ, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа бо иштироки омӯзгорону волидайн, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси ҷамоати деҳот Гулнор Гадоалиева ва собиқадори меҳнат, ҷонишини директори мактаби рақами 10 Зумратшоҳ Ғуломшоев оид ба лоиҳаи Қонун, аҳамият ва сабаби ба муҳокимаи умум пешниҳод гардидани он андешаҳояшонро иброз намуда гуфтанд, ки солҳои пеш ба равнақи таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ дода мешуд, вале имрӯз дар ин самт камбудиҳои зиёд вуҷуд доранд. Волидайн ба тарбияи фарзандонашон дуруст эътибор намедиҳанд, ба хотири огоҳ шудан аз хониши фарзандон ба мактаб намераванд. Чанд нафар падару модар пиромуни ҷоннок намудани фаъолияти кумитаҳои падару модарон, бедор намудани меҳри наврасон нисбат ба китобхонӣ, мустаҳкам намудани алоқаи волидайн бо мактаб, гирифтани пеши роҳи тамошои фиттаҳои филмҳо ва сурудҳои беруназахлоқӣ ҳарф зада пешниҳод намуданд, ки волидайне, ки тарбияи фарзандонашонро кори дуюминдараҷа меҳисобанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






