ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ҶАРРОҲИИ ДИЛУ ШАРАЁН ДАР СУҒД
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар заминаи шўъбаҳои ҷарроҳии дилу шараёни муассисаи давлатии тандурустии «Маркази дилшиносии вилояти Суғд ба номи профессор А.Я.Орипов» муассисаи давлатии Маркази ҷарроҳии дилу шараёни вилоят иборат аз 50 кат таъсис дода мешавад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин тасмим бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии ҷарроҳӣ ба беморони дилу шараён тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз 31 — уми январи соли 2011 роҳандозӣ мешавад. Тибқи қарори мазкур ба Сарраёсати молияи вилоят супориш дода шудааст, ки маблағгузории муассисаи давлатии Маркази ҷарроҳии дилу шараёни вилоятро дар доираи катҳо, басти воҳидҳо ва маблағҳои барои соли 2011 дар нақшаи хароҷоти муассисаҳои Раёсати тандурустии вилоят пешбинигардида таъмин намояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






