ТАВАҶҶӮҲИ ТУРКИЯ БА БАХШИ МАОРИФ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар бахши маориф дар мулоқоти Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо муовини вазири маорифи Туркия Солеҳ Челик дар Душанбе баррасӣ шуд. Мусоҳибон ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи маориф аз сиёсати маорифпарваронаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркия Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул арзёбӣ намуданд. Вазири маорифи Тоҷикистон ба фаъолияти пурсамари литсейҳои муштараки тоҷикӣ – туркӣ, ки толибилмонаш дар озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои сазовар ноил мегарданд, баҳои баланд дод. Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки дар асоси бурсия беш аз 600 нафар донишҷӯёни тоҷик аз соли 1994 то имрӯз донишгоҳҳои Туркияро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазири маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ҷонибҳо дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои ҳар ду кишварро дар бахши маориф, хусусан истифодаи таҷрибаи мактабдории Туркия ва фаъолияти ташкилотҳои бахши маорифи ин кишвар дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. А. Раҳмонов ва Солеҳ Челик нисбат ба вусъат додани ҳамкориҳо бобати зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, таъсиси як маркази омӯзиши забонҳо ва касбомӯзӣ, тавсеа бахшидани риштаҳои таҳқиқотӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисон табодули назар намуданд. Дар мулоқот сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирик иштирок дошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






