ТЕХНИКАИ ВАЗНИН МЕХАНИЗАТОРРО ПАХШ КАРД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Аксар вақт риоя накардани техникаи бехатарӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Тавре аз ВКД-и кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 15 феврал истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ Абдухолиқ Маҳмадхонов дар майдончаи истгоҳи мусофиркашонии заводи кимиёвии ноҳияи Ёвон трактори тамғаи «К-150», бе рақамро таъмир менамуд. Ногоҳ трактор дар ҳолати муҳаррикаш хомӯш будан ҳаракат карда ӯро зер намудааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






