ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ФАЪОЛ МЕШАВАД
Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 феврал палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба омода намудани кадрҳо барои ҷузъу томҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро /СҲШ/ ба тасвиб расонид. Саймӯъмин Ятимов- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон ин масъаларо тавзеҳ дода гуфт, ки Созишнома 15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба имзо расида, аз муқаддима ва 25 модда иборат мебошад. Созишнома бо мақсади таъмини самараноки омода намудани кадрҳо барои ҷузъу томҳои зиддитеррористии давлатҳои аъзои СҲШ ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо террроризм баста шудааст. Ин санад барномаи таҳлилӣ ва нақшаҳои ташкилии омода намудан, мавзӯъ ва мундариҷаи омӯзиши талабот ва таълимгирандагон, шумораи онҳо ва макони баргузории омӯзиш, мазмуни шартнома оид ба тайёр намудани кадрҳо, вазъи ҳуқуқии таълимгирандагон ва омӯзгорон, тартиби ҷуброни зарарҳоеро, ки ба ҳаёт ва саломатии толибилмон ва омӯзгорон дар давоми таҳсил расонида мешавад, ба танзим медарорад. Ҳамчунин, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо ва тартиби ворид намудани тағйирот ба Созишномаи мазкур муайян шудааст. Ба андешаи раиси мақомоти амнияти Тоҷикистон, тасдиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки заминаи асосии ҳуқуқӣ барои ҳамкории мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори дигар кишварҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои омода намудани мутахассисон барои сохторҳои зиддитеррористии мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






