ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНИСТ

Февраль 23, 2011 09:47

     Душанбе, 23 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «11 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар бахши нақлиёт дар доираи барномаҳои қарзгирии  давлатии берунӣ, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасвиб гардидааст, амалӣ гардонида мешавад», гуфт дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони мамлакат вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов.      Ҳаҷми умумии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ беш аз 1 миллиард $ амрикоӣ ё 4, 6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 1 ва 2 ба маблағи 144 миллион $), сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода (ба маблағи 168 миллион $),  роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар (марҳилаи дуюм,  16 миллион $), сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб (93 миллион $),  бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бӯстон –Чаноқ (260-296 миллион $), инчунин, сохтмони роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (33 миллион $) ва рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе (11, 2 миллион $) аз ҳамин қабиланд.          Ба андешаи вазири молияи кишвар дар мавриди  амалӣ гардидани ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ  дар кишвар имконияти мусоид барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ фароҳам омада, иқтисоди ҷумҳурӣ  беш аз пеш рушд менамояд, ки ин метавонад ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоии ҷомеа такони ҷиддӣ бахшад.

Февраль 23, 2011 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад