ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР СПИТАМЕН
Суғд, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Юсуфӣ).- Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва соҳибкор Мирзорақиб Зарипов дар деҳаи Янгиободи ҷамоати Нови ноҳия толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти ноҳия ширкат варзиданд. Ин аввалин толори варзишӣ дар ноҳия буда, дорои зали самбо, карате, гӯштини миллӣ, шоҳмоту шашка мебошад ва дар оянда барои рушди соҳаи варзиш дар ноҳия ва тарбияи варзишгарони ҷавон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






