УНВОНИ ИФТИХОРӢ НАСИБИ КӢ МЕГАРДАД?
Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Беҳтарин соҳибкори шаҳри Душанбе»- таҳти чунин унвон шаҳрдории Душанбе озмун эълон намуд. Озмуни мазкур аз рӯи 18 номгӯй байни соҳибкорони хурд, миёна ва калон гузаронида мешавад. «Ҳадафи асосии озмун дастгирии соҳибкорони ватанӣ, рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат дар пойтахт аст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов. Мавсуф афзуд, ки озмун дар ду давр баргузор мегардад. Даври аввали он то 1 марти соли равон дар ноҳияҳои пойтахт ва даври дуюм то 1 апрел байни ғолибони даври аввал гузаронида мешавад. Ғолиби озмун бо унвони ифтихории «Соҳибкори беҳтарини Душанбе» қадрдонӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки унвони ифтихориро ба беҳтарин соҳибкори Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, дар маросими ботантана месупорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






