ВАРЗИШ БАР ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР
Бадахшон, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Рӯзҳои 22 – 23 – и феврал таҳти шиори «Варзиш алайҳи маводи мухаддир» бо кӯмаки молиявии ташкилоти ҷамъиятии «Маслиҳат» дар мактаби рақами 7 – и шаҳри Хоруғ байни наврасону ҷавонон аз рӯи гӯштини тарзи самбо мусобиқа доир гардид, ки дар он беш аз 150 нафар гӯштингирони вилоят ширкат варзиданд. Мудири мактаби варзишии шаҳри Хоруғ Гулподшоҳ Хайдобеков аз омодагии паҳлавонони ҷавону умедбахш изҳори хушҳолӣ намуда гуфт, ки чунин мусобиқаҳо маҳорату истеъдоди варзишгаронро сайқал медиҳанд. Дар оянда ин наврасону ҷавонон шарафу номуси ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳифз менамоянд. Дар байни ҷавонон Азими Гулмир, Дидори Ҳамроҳзода, Далер Қурбонов маҳорати хуб нишон дода, соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Ғолибон аз тарафи маъмурияти мактаби варзишии шаҳр ва ташкилоти ҷамъиятии «Маслиҳат» бо ифтихорнома ва мукофоти молию пулӣ қадрдонӣ шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






