ВАРЗИШГОҲҲОИ ФАЙЗОБОД МЕАФЗОЯНД

Февраль 7, 2011 17:07

  Файзобод,   7 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). – Мудири  маорифи   ноҳияи  Файзобод  Маҳмадулло Аминов ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод, ки   чанде  пеш  дастаи  яккачини паҳлавонони  навраси  ноҳия  аз  мусобиқаи  созмондодаи  Маркази  инкишофи  гӯштини  дзюдои  ноҳияи  Шоҳмансури  пойтахт  баргаштанд.  Бояд  гуфт, ки  онҳо  бо  13  медал,  аз  ҷумла  ду  медали  тилло  сарфароз  гардиданд.    Мудири  маориф   афзуд, ки  дар  оғози  соли  нав  шогирди  мактаби  таҳсилоти умумии  рақами 2  Аҳмадшоҳ  Раҳматзода   дар  ҳайати  дастаи  яккачини  навоҳии  тобеи  марказ  дар  мусобиқаи  ҷумҳуриявии  дзюдочиёни  наврас  сазовори  ҷои  сеюм  ва  медали  биринҷӣ  гардид.    Раиси  ноҳия  Абдулло  Ҳакимов  аз  дастовардҳои  варзишгарони  ноҳия  изҳори  қаноатмандӣ  намуда,  барои  сохтмони  варзишгоҳҳо  дар  ҳар  ҷамоату  деҳот ба  масъулин  дастур  дод.  

Февраль 7, 2011 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад