ВАСЕЪНАМОИИ МАЙДОНИ КИШТИ ПУНБА ДАР ҲАМАДОНӢ
Кӯлоб, 11 феврал.(АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо мусоид омадани вазъи ҳаво дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ноҳияи Кӯлоб шудгори заминҳои кишт вусъати тоза пайдо намуд. Аксари деҳқонон то имрўз шудгор ва кишти тирамоҳиро ба анҷом расонида заминро барои кишти пунба тайёр намудаанд. Дар кооперативи истеҳсолии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб 15 техникаи ҷуфткунанда ҳамарўза ба саҳро баромада 140 — 150 гектар заминро ҷуфт менамоянд. Соли ҷорӣ деҳқонони кооперативи мазкур майдони кишти пунбаро васеъ менамоянд. Барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани қисмҳои эҳтиётии техникӣ устохона фаъолият мекунад, ки оҳангарон ҳар як таҷҳизоти заруриро фавран омода сохта ба механизаторон дастрас менамоянд. Бояд гуфт, ки кооперативи мазкур дар ноҳияи Кӯлоб аз хоҷагиҳои калонтарин буда, дорои миқдори зиёди техникаи хоҷагии қишлоқ мебошад, зеро роҳбарони он ҳамасола техникаю таҷҳизоти муосир мехаранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






