ВАСЛИ ДАСТГОҲИ 2 –ЮМ ДАР НЕРӮГОҲИ «ПОМИР — 1»

Февраль 7, 2011 13:58

Хоруғ,   7 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). –  Тавре  аз  Ширкати «Помир Энерҷӣ» иттилоъ доданд,   дар ин рӯзҳо  дастгоҳи 2 —  юми  нерӯгоҳи  барқи обии  «Помир – 1»  васл   мегардад ва дар  маросими васлнамоии он меҳмонони зиёд ширкат меварзанд. Ёдовар мешавем, ки нерӯгоҳ  соли  1994  бунёд ёфта, аз  4  дастгоҳ   иборат аст.  Нерӯгоҳ  дар   вазнинтарин  рӯзҳои сарди зимистон   сокинони  маркази  ВМКБ  ва  аксарияти  ноҳияҳоро   тӯли 24  соат  бо нерӯи  барқ  таъмин  намудааст, аммо  5 – уми   феврали  соли  2007 дар  ин   нерӯгоҳи барқӣ садамаи  даҳшатнок  рух дод ва   дастгоҳҳо  аз кор монданд. Хушбахтона, тавассути   заҳмати   мутахассисон  баъди гузашти чанд   муддат   дастгоҳҳои  1, 3 ва 4-уми нерӯгоҳ  мавриди  истифода  қарор   гирифтанд.  Баъди  талошу кӯшишҳои  зиёди  маъмурияти «Помир Энерҷӣ» таъмири  дастгоҳи 2 – юмро мутахассисони давлати Ҳиндустон ба  ӯҳда  гирифтанд ва   тобистони соли 2010 онро  вориди Бадахшон  гардониданд.

Февраль 7, 2011 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад