ВОХӮРИИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ ДУ КИШВАР ДАР СУҒД

Февраль 9, 2011 09:13

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Имрӯз дар вилояти Суғд вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Абибилла Қудайбердиев вохӯрӣ намуд. Тавре аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот асосан ҷонибҳо масоили вобаста ба вазъи ҳарбӣ- сиёсӣ, таъмини амният дар минтақа ва боз ҳам густариш додани доираи васеи муносибатҳои самарабахши низомӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои ҳарбии вазоратҳои мудофиаи ҳарду ҷумҳуриро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин ҷонибҳо оид ба мӯътадил нигоҳ доштани оромию субот дар минтақа изҳори назар карданд. Дар мулоқот, инчунин,  зикр гардид, ки ҳамоҳангии доимӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ, амалӣ намудани нақшаву дурнамо ва баррасии   механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи густариши муносибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсарҳад таъсири бевосита мерасонад.      Дар охир изҳори умед карда шуд, ки нақшаи дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамаи самтҳои низомӣ таҳкиму тақвият ёфта, равобити дӯстию ҳамкории ду кишвар боз ҳам қавитар мегарданд. 

Февраль 9, 2011 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад