ВУРУДИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ДАҲОНПИЗИШКӢ АЗ ҶОПОН
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ҳафтаи сипаришуда ба Маркази илми – клиникии «Даҳонпизишкї» — и ҷумҳури аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ба маблағи 86 ҳазор доллари амрикои таҷҳизоти тиббї ворид гардид. Таҷҳизоти нав барои бартараф кардани иллатҳои модарзодии ҷоғу рӯй истифода мешаванд. Бино ба гуфти директори маркази мазкур Умар Тоиров ба ихтиёри клиника додани таҷҳизоти нави рақамии ортопантомографи, ки 27 ҳазор евро қимат дорад, дар ташхиси дурусти нуқсҳои ҷоғу рӯй арзиши беандоза дорад. Боис ба ёдоварист, ки аз соли 1996 инҷониб дар доираи кӯмакҳои бебозгашт ҳукумати Ҷопон тавассути амалисозии 258 лоиҳа барои рушди соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 18 млн. доллари амрикои кӯмак намудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






