ВУРУДИ ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА

Февраль 1, 2011 16:20

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон истеҳсоли пахта бо истифодаи таҷҳизоти муосир, ки аз ҷониби мутахассисони хитоӣ пешниҳод шудаанд, дар назар аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати  кишоварзии ҷумҳурӣ  доданд. Тибқи иттилои манбаъ  барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани таҷҳизоти нав, алалхусус низоми обдиҳии қатравӣ бо маблағгузорони хитоӣ ҳуҷҷати зарурӣ ба имзо расид ва дар назар аст, ки обдиҳии қатравӣ дар 50 гектар майдони ноҳияи Бохтари ҷумҳурӣ амалӣ мегардад. Зикр кардан бамаврид аст, ки мутахассисони хитоӣ ният доранд  дар ҳазор гектар майдони   ноҳияҳои Қумсангир ва Ҷомии вилояти Хатлон биринҷ парвариш намоянд. «Ғайр аз ин мутахассисони давлати Ҳиндустон хоҳиш доранд  дар 4 гектар замини ноҳияи Ёвон маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гандум ва биринҷ парвариш намоянд», — хабар доданд аз Вазорати кишоварзӣ. Аз Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки онҳо тайёранд қитъаҳои замини дархостшударо ба мутахассисон пешниҳод намоянд.   

Февраль 1, 2011 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад